Бо ин ширкати ИМА, ки ба бунёди корхонаҳои саноатии дорои технологияҳои баланд дар мамлакат фаъолона сармоягузорӣ мекунад, масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд баррасӣ гардиданд.
“Air Products” дар истеҳсол ва интиқоли газҳои саноатӣ яке аз ширкатҳои пешсафи ҷаҳон ба шумор рафта, арзиши бозории ширкат аз 60 миллиард доллари ИМА афзудааст. Ширкат ҳамасола дар зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон беш аз 200 миллион тонна газҳои саноатӣ истеҳсол намуда, шабакаеро идора мекунад, ки қариб 750 иншооти истеҳсолиро фаро мегирад.
Алҳол ҳаҷми умумии сармоягузориҳои ширкат ба кишварамон аз 1 миллиард доллар афзудааст. Лоиҳаҳои коркарди газҳои саноатӣ дар корхонаи “GTL Uzbekistan”, истеҳсоли гидроген дар заводи коркарди нафти Фарғона ва истеҳсоли гази моеъи карбон (диоксиди карбон) дар Ҷамъияти саҳҳомии “Навоийазот”, ҳамчунин, барномаҳои таълимӣ дар шаҳрҳои Тошканд ва Қаршӣ амалӣ шудаанд.
Пас аз анҷоми мулоқот, барои суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои нав бо иштироки ширкат дар асоси “харитаи роҳ” тавофуқ ба даст омад.