Дар оғози мулоқот меҳмони олимақом ба роҳбари давлати мо саломи самимӣ ва таманноҳои накӯи Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро расонд.
Масъалаҳои муҳими густариши минбаъдаи муносибатҳои шарикии бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва Беларус аз нигоҳи омодагӣ ба чорабиниҳои минбаъдаи сатҳи олӣ баррасӣ гардиданд.
Натиҷаҳои самарабахши ҷамъомади Комиссияи байниҳукуматӣ, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар вилояти Тошканд баргузор шуда буд, бо мамнуният зикр гардид.
Ҳаҷми гардиши мол аз аввали соли ҷорӣ 32 фоиз афзоиш ёфта, ба таври устувор зиёд мешавад. Дар соҳаҳои кишоварзӣ, мошинсозӣ ва дигар бахшҳо . лоиҳаҳои ҳамкорӣ амалӣ мешаванд.
Андешидани чораҳои ҳамоҳангшуда ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, инчунин фаъол намудани робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамкориҳои байни минтақаҳо муҳим арзёбӣ гардид.