Дар оғози мулоқот меҳмони олимақом ба роҳбари давлати мо саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаровро расонд.

Ба татбиқсозии созишномаҳои миёни роҳбарони ду мамлакат, ки дар соҳаҳои савдо ва иқтисод, нақлиёт, обу энергетика ба даст омадаанд, инчунин, масъалаҳои пешбурди барномаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва мубодилаҳои байниминтақавӣ диққати махсус дода шуд.

Бо мақсади ғанӣ гардондани рӯзномаи ҳамкориҳои мутақобила ва чорабиниҳои минбаъдаи сатҳи олӣ, аҳамияти таҳияи лоиҳа ва ташаббусҳои нав дар идомаи ҷамъомадҳои навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорон, инчунин дар доираи механизмҳои дигари шарикӣ махсус таъкид карда шуд.