Сарвари давлати мо саҳми бузурги Нурсултон Назарбоевро дар бунёди Қазоқистони
муосир, пешбурди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, инчунин таҳкими
муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон
махсус таъкид кард.
Бо қаноатмандии амиқ суръати баланди кунунии ҳамкориҳои гуногунҷанбаи миёни
Ӯзбекистон ва Қазоқистон, ки бар пояи риштаҳои мустаҳками дӯстӣ, ҳамсоягии нек
ва дастгирии мутақобила бунёд ёфтаанд, зикр гардид.