Роҳбари давлати мо таъкид кард, ки сафари давлатии кунунии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Гурҷистон нахустин чунин сафар дар беш аз бист соли охир буда, барои ба сатҳи нави сифатан баланд бардоштани муносибатҳои Ӯзбекистону Гурҷистон аҳамияти махсус дорад.

Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту транзит, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки робитаҳои фаъол дар ҳама сатҳҳо идома меёбанд. Ҷонибҳо аз идомаи мубодилаи фаъоли байниҳукуматӣ, байнипарлумонӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ пуштибонӣ карданд.

Соли гузашта ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар ба 270 миллион доллари ИМА расид ва аз аввали соли ҷорӣ аз 100 миллион доллар гузаштааст. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои дар солҳои наздик ба 1 миллиард доллар расонидани ин нишондиҳанда, бартараф намудани номувозинатӣ дар савдо, афзоиши содироту воридоти молҳои серталаб ва баргузории намоишгоҳҳои муштараки саноатӣ «харитаи роҳ»-и алоҳида қабул карда шавад.

Ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту транзит ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи пурраи иқтидори мавҷуда дар ин самт баррасӣ шуданд.

Ба истифодаи фаъолонаи инфрасохтори бандарҳои Поти ва Батумӣ ҳангоми интиқоли борҳои Ӯзбекистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Нақшаҳои таъсиси маркази логистикӣ, минтақаи саноатӣ ва шоурум барои маҳсулоти Ӯзбекистон дар ҳудуди он дастгирӣ шуданд.

Сарвари давлатамон оғози фаъолияти долони роҳи оҳани "Боку – Тифлис – Карс"-ро истиқбол намуда, пешниҳод кард масъалаи пайваст намудани он бо шоҳроҳи роҳи оҳани "Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон" мавриди омӯзиш қарор гирад.

Ҳамкории саноатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои ду кишвар эътироф гардид. Ба натиҷаҳои ҳамоиши муштараки соҳибкорон, ки як рӯз пеш баргузор шуда буд ва дар доираи он Барномаи ҳамкории саноатӣ то соли 2027 ба имзо расид, баҳои баланд дода шуд.

Ҷонибҳо дар бораи татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати электротехникӣ ва энергетика, дорусозӣ, саноати хӯрокворӣ ва сабук, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, девелопмент, рақамикунонӣ, рушди бахши IT, бонкдории рақамӣ ва сайёҳӣ ба мувофиқа расиданд. Барои дастгирии чунин ташаббусҳо пешниҳод шуд, ки Фонди муштараки сармоягузорӣ таъсис дода шавад.

Робитаҳои фарҳангиву башардӯстона низ босуръат густариш меёбанд. Моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Гурҷистон бо муваффақият баргузор гардид.

Президенти Ӯзбекистон ба ҷониби Гурҷистон барои қарор бобати ба яке аз  боғҳои шаҳри Тифлис додани номи шоири бузурги ӯзбек Алишер Навоӣ изҳори сипос намуд.

Ҳамчунин қарор шуд, ки соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон ҳамоишҳои муштараки маориф ва сайёҳӣ баргузор гарданд.

Ҷонибҳо инчунин дар бораи таъсиси Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Гурҷистон қарор қабул карданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои музокирот «харитаи роҳ»-и муштарак оид ба татбиқи қарорҳои қабулшуда таҳия хоҳад шуд.