Дар ҳузури роҳбарони ду кишвар ҳамчунин маросими табодули
санадҳои дуҷониба баргузор гардид, аз ҷумла:
–
оид ба ҳаракати озод ва муҳоҷирати меҳнатӣ;
–
оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии
мусофирбарӣ ва боркашонӣ;
–
оид ба ҳамкориҳои байни минтақаҳо;
–
оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии об, инчунин рушди устувори минтақаҳои
деҳот;
–
оид ба ҳамкорӣ ва расонидани ёрии мутақобила дар корҳои гумрукӣ;
–
оид ба таъсиси гурӯҳи корӣ барои оғози музокирот доир ба Созишнома оид ба тиҷорати
озод;
–
оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда ва технологияҳои «сабз»;
– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи дорусозӣ ва биотехнология;
– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ
ва саёҳатҳои фарҳангӣ;
– оид ба ҳамкорӣ барои дастгирии Долони миёна;
– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтори роҳи оҳан;
– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи дипломатияи иқтисодӣ;
– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кинематография ва истеҳсоли
муштараки филмҳо;
– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои
2026–2028;
– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарии меҳнат ва ҳифзи
саломатӣ;
– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони
дорои маъюбият ва дастгирии мақоми онҳо дар ҷомеа;
– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию
коммуникатсионӣ;
– оид ба ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ, ҳукумати
электронӣ ва истифодаи технологияҳои муосир;
– оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
– оид ба барқарор намудани муносибатҳои шарикӣ байни
вилояти Самарқанд ва кишвари мухтори Воеводина.