Бесабаб дар кишвари мо ба рушди саноати автомобилсозӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намегардад. Ин соҳа дар ташаккули арзиши баланди иловагӣ, рушди кооператсияи саноатӣ, таъсиси ҳазорҳо ҷойи кор ва густариши имкониятҳои содиротӣ нақши муҳим дорад.
Солҳои охир саноати автомобилсозии Ӯзбекистон ба марҳилаи комилан нави рақобат ва ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон ворид гардид. Агар даҳ сол пеш бозори автомобилӣ бо як истеҳсолкунанда ва навбатҳои тӯлонӣ пайвандӣ дошта бошад, имрӯз дар ҳамкорӣ бо брендҳои бузурге чун Chevrolet, BYD, KIA ва Hyundai фаъолияти 5 корхонаи автомобилсозӣ ба роҳ монда шудааст. Имсол ҳамчунин ба истифода додани заводҳои Volkswagen, Foton ва JAC ба нақша гирифта шудааст.
Муҳимтар аз ҳама, ин тағйиротро аҳолӣ бевосита эҳсос мекунад. Намудҳои мошинҳо дар бозор зиёд шуданд ва навбатҳои тӯлонӣ аз байн рафтанд. Имсол барои маблағгузории хариди мошинҳо 20 бонк ҷалб гардид, ки дар натиҷа 95 фоизи мошинҳо ба таври нася ва тавассути низоми қарзҳои дастрас фурӯхта шуданд.
Дар баробари ин, истеҳсоли мошинҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ, ки ба бозорҳои кишварҳои ҳамсоя равона шудаанд, рушд меёбад. Дар атрофи соҳа занҷираҳои нави кооператсионӣ ташаккул ёфта, зиёда аз 10 ҳазор мутахассиси ҷавон дар асоси технологияҳои муосир фаъолият доранд. Беш аз 300 корхона барои Chevrolet ва тақрибан 40 корхона барои KIA ва BYD қисмҳои эҳтиётӣ истеҳсол мекунанд.
Дар ҷараёни муаррифӣ масъалаи иҷрои вазифа оид ба расидан ба нишондиҳандаи 1 миллион ҳам аз рӯи ҳаҷми истеҳсол ва ҳам аз рӯи сатҳи шуғл дар соҳаи автомобилсозӣ баррасӣ гардид.
Ворид шудани шумораи зиёди пешниҳодҳои лоиҳавӣ оид ба истеҳсол ва васлкунии мошинҳои сабукрав ва тиҷоратӣ нишон медиҳад, ки дар Ӯзбекистон муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва бозори дорои талаботи баланд ташаккул ёфтааст. Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҳар як лоиҳа бояд аз нуқтаи назари талаботи бозор ва самаранокии иқтисодӣ арзёбӣ гардад ва диққати асосӣ ба таъмини рақобатпазирӣ дар бозорҳои хориҷӣ равона шавад.
Дар тақдимот оид ба лоиҳаи истеҳсоли автомобилҳои Volkswagen маълумот пешниҳод гардид. Тибқи нақша, дар марҳилаи аввал роҳандозии васлкунии калони гиреҳӣ дар шаҳри Тошканд пешбинӣ шудааст. Дар марҳилаи баъдӣ ба роҳ мондани давраи пурраи истеҳсолӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии Ангрен, баланд бардоштани сатҳи маҳаллисозӣ ва баромадан ба бозорҳои хориҷӣ дар назар аст.
Қайд гардид, ки вазъи кунунии ҷаҳон ба соҳаи автомобилсозӣ таъсири назаррас мерасонад. Дар ин робита зарурати таъмини мустақилияти технологӣ, ҷорӣ намудани навовариҳо ва оғози коркарди маҳсулоти рақобатпазири миллӣ, ки аз маҳдудиятҳои содиротӣ ва логистикӣ камтар вобаста бошад, таъкид шуд.
Зикр гардид, ки дар Андиҷон ва Ҷиззах мактабҳои муосири муҳандисӣ кушода шудаанд, насли нави муҳаққиқону муҳандисони ҷавон ташаккул меёбад ва дар маҷмӯъ барои таъсиси бренди ватанӣ иқтидори зарурии зеҳнӣ мавҷуд аст.
Бо ин мақсад қарор қабул гардид, ки фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ дар низоми ҶС "Ӯзавтосаноат" рушд дода шавад.
Қайд шуд, ки бозори қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ низ яке аз имкониятҳои бузурги соҳа мебошад.
Ба ин муносибат зарурати ба тартиб даровардани бозори қисмҳои эҳтиётӣ, зиёд намудани ҳиссаи маҳсулоти маҳаллӣ, такмили низоми сертификатсия ва таъсиси озмоишгоҳҳои муосири санҷишӣ таъкид гардид. Вазифа гузошта шуд, ки то охири соли 2026 стратегияи рушди бозори қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ бо ҷалби ширкатҳои байналмилалии консалтингӣ таҳия гардад.
Президенти кишвар таъкид намуд, ки саноати автомобилсозӣ яке аз соҳаҳои стратегии иқтисодиёти мамлакат мебошад ва барои тақвияти рақобат, амиқсозии маҳаллисозӣ ва рушди мактаби миллии муҳандисӣ дар соҳа супоришҳои мушаххас дод.