Дар
солҳои охир ба навсозии комбинат ва афзоиши иқтидори истеҳсолии он диққати
махсус дода мешавад. Дар натиҷа, фоидаи софи корхона аз 14 миллион доллар дар соли 2017 то 23 миллион доллар дар соли 2025
афзоиш ёфт.
Санги
нахустини сохтмони маҷмааи рехтагарӣ ва прокатро Сарвари давлат зимни сафараш
ба Бекобод 29 августи соли 2018
гузошта буд.
Арзиши
умумии лоиҳа 839 миллион долларро
ташкил медиҳад. Ин маҷмааи дорои аҳамияти стратегӣ дар масоҳати 18 гектар бунёд шуда, барои қонеъ
намудани талаботи рӯзафзуни кишвар ба маҳсулоти металлӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар
ин ҷо пешбинӣ шудааст, ки ҳаҷми умумии истеҳсолот то 2 миллион тонна расонида, ҳамчунин
ҳамасола 1,04 миллион тонна варақаҳои прокати рулонӣ истеҳсол карда шавад.
Илова бар ин, шумораи умумии кормандони комбинат то 7 ҳазор нафар зиёд карда хоҳад
шуд.
Дар
ин маҷмаа бо истифода аз таҷрибаи ширкати итолиёвии Danieli низоми рехтагарии муттасили
пӯлод бори аввал бо тамоми таҷҳизоти технологӣ муттаҳид гардида, аз тариқи як
пулти ягона идора карда мешавад.
Пештар
равандҳои истеҳсолӣ аз 4–5 пулт
идора мешуданд ва дар онҳо 9 нафар
фаъолият мекарданд. Ҳоло бошад, ба шарофати низоми ягона тамоми равандро ҳамагӣ
3 мутахассис назорат
мекунанд.
Президент
зарурати ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни
сунъӣ ба низоми ягонаи идоракунӣ ва боз ҳам баланд бардоштани устуворӣ
ва самаранокии иқтисодии маҷмааро таъкид намуд.
Аз рӯи сатҳи бехатарӣ ва суръати кори таҷҳизот ин маҷмаа
беназир буда, дар Осиёи Марказӣ ҳамто
надорад. Аз ҷумла, акнун имкон фароҳам шудааст, ки ғалтакҳои
асосии таҷҳизот бе қатъ кардани раванди истеҳсол ва бидуни дахолати омили инсонӣ
ҳамагӣ дар 5–7 дақиқа
иваз карда шаванд, дар ҳоле ки қаблан барои ин 30–40 дақиқа вақт лозим буд.
Президент инчунин бо намунаҳои маҳсулоте, ки аз варақаҳои
прокати металлӣ истеҳсол шудаанд, шинос гардид.
Ҳамчунин
иттилои шахсони масъул шунида шуд.
Аз ҷумла, дар бораи занҷираи эҷоди арзиши иловашуда ҳангоми истеҳсоли варақаҳои
гарми прокатшуда ва навъҳои маҳсулоте, ки барои азхудкунӣ дар ҷумҳурӣ тавсия
шудаанд, маълумот дода шуд.
Илова бар ин, чораҳои амалӣ барои танзими гардиши маҳсулоти
арматура дар соҳаи сохтмон, тақвияти назорат аз болои истифодаи прокати металли
сиёҳ дар майдонҳои сохтмон ва коҳиш додани хатарҳои зилзила шарҳ дода шуданд.