Дар ду соли охир беш аз 1 миллиону 200 ҳазор объекти ғайриманқул ба рӯйхат гирифта шуд. Дар натиҷа 16,5 ҳазор гектар замин ва 49 миллион метри мураббаъ майдони сохтмони иловагӣ муайян гардид.

270 ҳазор объектҳои муайянгардида ба пойгоҳи кадастр ворид карда шуда, барои буҷет ҳамасола 315 миллиард сӯм манбаи иловагии андоз фароҳам оварда шуд. 90 дарсади хидматрасониҳои кадастрӣ ба таври онлайн пешниҳод мегарданд.

Гуфта шуд, ки бо вуҷуди ин ҳама, ҳанӯз дар соҳа мушкилоте вуҷуд доранд, ки аҳолӣ ва соҳибкоронро нигарон месозанд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои истифода аз хидматрасониҳои кадастрӣ зиёда аз 1 миллион ариза пешниҳод шудааст. Аз ин шумора 330 ҳазор, ё худ 30 дарсадаш рад гардидааст. Яъне, дар амал аз ҳар се ариза яке қонеъ карда нашудааст.

Чунин ҳолатҳо боиси беҳуда вақту маблағи худро сарф кардани шаҳрвандон ва барои ҳалли масъала ба дигар идора ё шахсони масъул муроҷиат намудани онҳо мегардад ва ин ҳолат хавфи коррупсияро афзоиш медиҳад.

Дар раванди рақамикунонии хидматрасониҳо ташаккул додани таҷрибаи қабули мутамаркази ҳамаи қарорҳо низ барои аҳолӣ монеаҳои иловагӣ эҷод кардаанд.

Бахусус, барои тағйир додани тоифаи объекти ғайриистиқоматӣ ризоияти ташкилоти сатҳи вилоятӣ ё ҷумҳуриявӣ талаб карда мешавад. Аз шаҳрвандон барои ҳалли як масъала чанд маротиба пешниҳод кардани ариза ва барои ҳар як ариза пардохти алоҳида талаб карда мешавад.

Масалан, барои байни ду бародар тақсим кардани як ҳавлӣ чор ариза, барои ба се қисм ҷудо кардани як мерос бошад, шаш ариза талаб карда мешавад. Як ариза дар сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ дар 30-50 марҳила баррасӣ шуда, раванд ба ҳисоби миёна 15-20 рӯз тӯл мекашад.

Гуфта шуд, ки пурзӯр намудани чораҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ дар соҳаи назорати истифодаи замин натиҷаҳои мусбат додааст. Бо вуҷуди ин, таъкид гардид, ки танҳо бо зиёд кардани ҷаримаҳо маҳдуд нашуда, ҷорӣ намудани механизмҳое, ки ба бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва бозгардонидани шаҳрвандон ба фаъолияти қонунӣ нигаронида шудаанд, зарур мебошад.

Дар тақдимот сохтори идоракунии оҷонсӣ низ аз нигоҳи танқидӣ таҳлил карда шуд.

Алҳол дар сатҳи ноҳия ва вилоят шуъбаҳои минтақавии Агентии кадастр ва Палатаи кадастр ба таври алоҳида фаъолият намуда, дар амал низом аз ҷониби ду роҳбар идора мешавад.

56 дарсади кормандони сохторро роҳбарону нозирон ва 44 фоизро иҷрокунандагони бевосита ташкил медиҳанд. Бинобар мураккаб будани раванди қабул ба кор зиёда аз 700 ҷойи корӣ вакант боқӣ мемонад. 40 дарсади кормандон аз рӯйи ихтисоси худ фаъолият намекунанд.

Ғайр аз ин, ба роҳбарони сатҳи вилоят барои татбиқи чораҳои интизомӣ нисбат ба роҳбарони шуъбаҳои ноҳиявӣ ваколат дода нашудааст. Дар натиҷа, сарбории кори кормандони иҷрокунанда афзуда, сатҳи пардохти музди меҳнат ҳамоно паст боқӣ мемонад.

Аз ин рӯ, пешниҳод гардид, ки хидматрасониҳои кадастриро марҳила ба марҳила ба сатҳи поёнӣ поин бурда, ваколатҳои шуъбаҳои минтақавӣ васеъ карда шаванд.

Ба ноҳияҳо гузаронидани на кам аз 30 дарсади кормандоне, ки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ кор мекунанд, инчунин, ба ҳам овардани Палатаи кадастр ва сохторҳои хидматрасонӣ дар сатҳҳои ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳия дар назар аст. Бо ин роҳ мустақилият ва масъулияти шуъбаҳои минтақавӣ бештар гардида, хидматрасониҳо ба шаҳрвандон наздиктар мешаванд.

Барои дар раванди тағйироти сохторӣ сарсон нагардидани аҳолӣ, вазифаи дар муҳлати як ҳафта ба роҳ мондани хидматрасониҳои «Гӯшаи машваратии кадастр» ва «Кадастри фаврӣ» ба миён гузошта шуд.

Ҳамчунин пешниҳодҳо оид ба ташкили фаъолияти Агентӣ бар асоси тамоюли «як ариза – як пардохт» низ баррасӣ гардиданд.

Тибқи тартиби нав, ҳангоми пайдо шудани ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ариза ба таври худкор ташаккул ёфта, хидмати проактивӣ пешниҳод мешавад. Дар натиҷа, дар як сол вақт ва маблағи 1 миллиону 200 ҳазор аризадиҳанда сарфа мегардад. Анҷом додани ҳамаи хидматрасониҳои кадастрӣ бар асоси як ариза роҳандозӣ шуда, ҳамасола беш аз 200 ҳазор аризаи зиёдатӣ ихтисор хоҳад шуд.

Раванди бақайдгирии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул пурра ба шакли онлайн сурат мегирад. Дар натиҷа, имкон пайдо мешавад, ки ҳамасола 500 ҳазор ариза ба ҷойи 10-15 рӯзи ҷорӣ ҳамагӣ дар чанд сония ба рӯйхат гирифта шаванд.

Пешниҳодҳо оид ба такмили низоми ҷавобгарии маъмурӣ низ ҷонибдорӣ шуданд.

Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки барои манзилҳои ғайриқонунии то соли 2018 бунёдшуда ҷарима татбиқ нашавад, ҳангоми ба таври ихтиёрӣ бартараф шудани сохтмони ғайриқонунӣ, ҷавобгарӣ сабуктар гардад. Инчунин, агар барои бақайдгирии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул дар муҳлати муқарраршуда ариза пешниҳод нашуда бошад, барои бори аввал ба ҷойи ҷарима танҳо огоҳӣ дода мешавад.

Ба мутасаддиён аз рӯйи соддатар кардани хизматрасониҳоро, ихтисори марҳилаҳо ва пардохтҳои зиёдатӣ, ба зинаҳои поёнии идоракунӣ вогузор намудани ваколати қабули қарорҳо ва беҳтар кардани шароити меҳнати кормандони соҳа супоришоти дахлдор дода шуданд.