Дар мулоқот раиси Палатаи савдо ва саноати Умон Шайх Файсал ар-Равос, раиси Шӯрои директорони ширкати «SABCO Group» Саид Холид бин Ҳамад ал-Бусаидӣ, раиси Шӯрои директорони ширкати «Voltamp Energy» Саид Айман ал-Бусаидӣ, директори иҷроияи «Asyad Group» Абдурраҳмон бин Салим ал-Ҳатмӣ, раиси раёсати ширкати «Zubair Corporation» Рашад Муҳаммад аз-Зубайр, инчунин роҳбари ширкати «UzOman» Умар Баҳром иштирок карданд.

Ба масъалаҳои зиёд намудани сармояи оинномавии Ширкати сармоягузории Ӯзбекистону Уммон, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои истихроҷи маъдан, электротехника, саноати кимиё, энергетикаи «сабз», шаҳрсозӣ, нақлиёту логистика, инфрасохтор, кишоварзӣ ва дигар самтҳои ояндадор таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Таъкид шуд, ки Шӯрои тиҷоратии Ӯзбекистону Уммон, ки таъсис дода мешавад, дар таъмини муколамаи мустақими соҳибкорони ду кишвар нақши муҳим хоҳад дошт.

Дар натиҷаи мулоқот оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштарак ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои пешниҳодшуда ва ҳар семоҳа баррасӣ намудани натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда мувофиқа ҳосил гардид.