Султони Уммон Президенти кишвари моро бо мукофоти олии давлатии Султонат — ордени «Ол Саид» барои саҳми бузургаш дар таҳкими дӯстии байни ду давлат ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои гуногунҷанба сарфароз гардонд.

Сарвари давлати мо ба Султони Уммон барои чунин қадршиносии баланд изҳори сипоси самимӣ намуда, таъкид кард, ки ин мукофотро нишонаи эҳтироми амиқ ба тамоми мардуми Ӯзбекистон, дӯстии чандинсола ва ҳамкориҳои устувори байни кишварҳоямон медонад.

Дар навбати худ, Президенти Ӯзбекистон Султони Умонро бо ордени «Олий Даражали Дўстлик» барои саҳми бузурги шахсиаш дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни ду кишвар, инчунин рушди пайвастаи робитаҳо дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ сарфароз гардонд.

Тавре таъкид гардид, ин мукофот ифодаи эҳтироми амиқи давлат ва мардуми Ӯзбекистон ба талошҳои Султони Уммон дар роҳи рушди муносибатҳои дуҷониба мебошад.

Сарфарозгардонии мутақобилаи сарварони ду кишвар бо мукофотҳои олии давлатӣ аз азми қавии ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи шарикии гуногунҷанба миёни ду кишвар шаҳодат медиҳад.