Дар соҳаи кишоварзӣ, ҷангалдорӣ ва моҳипарварӣ 3 132,6 ҳазор
нафар кор мекунанд. Дар дигар намудҳои хидматрасонӣ бошад, 2 661,8 ҳазор нафар
машғуланд.
Дар саноати коркард 1 699,6 ҳазор нафар, дар савдои
яклухт ва чакана (бо таъмири нақлиёт) 1 507,9 ҳазор нафар ва дар сохтмон 1
450,5 ҳазор нафар фаъолият доранд.
Дар соҳаи маориф 1 367,6 ҳазор нафар, дар тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоӣ 719,4 ҳазор нафар ва дар идоракунии давлатӣ, мудофиа ва таъминоти иҷтимоӣ
637,0 ҳазор нафар кор мекунанд.
Дар соҳаи нақлиёт ва анбордорӣ 584,6 ҳазор нафар, дар хидматрасониҳои
меҳмонхона ва ғизо 389,5 ҳазор нафар фаъолият доранд.
Дар фаъолияти касбӣ, илмӣ ва техникӣ 152,6 ҳазор нафар,
дар хидматрасониҳои маъмурӣ ва ёрирасон 114,2 ҳазор нафар ва дар бахши иттилоот
ва алоқа 108,8 ҳазор нафар машғуланд.
Дар бахши молия ва суғурта 82,9 ҳазор нафар, дар
таъминоти барқ, газ ва гармӣ 70,7 ҳазор нафар ва дар амалиёт бо амволи ғайриманқул
67,8 ҳазор нафар фаъолият мекунанд.
Дар соҳаи санъат, фароғат ва истироҳат 66,9 ҳазор нафар,
дар саноати маъдани кӯҳӣ 66,7 ҳазор нафар ва дар таъминоти об, канализатсия ва
коркарди партовҳо 52,8 ҳазор нафар кор мекунанд.