Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории Ӯзбекистон ва Чин дар соҳаи нақлиёт, инчунин рафти татбиқи лоиҳаи стратегии сохтмони роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки корҳои сохтмонӣ мутобиқи ҷадвали тасдиқшуда идома доранд. Зикр гардид, ки хатти нави роҳи оҳан барои рушди долонҳои нақлиётии минтақавӣ, афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалии бор ва таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳо аҳамияти бузург дорад.

Ҳамчунин иштирокдорони мулоқот масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии долони амалкунандаи нақлиёти мултимодалии «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон», такмили зерсохтори логистикӣ ва имкони додани мақоми «истгоҳи содиротӣ» ба истгоҳи сарҳадии Қошғарро муҳокима карданд.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки рафти корҳои сохтмониро мунтазам назорат намуда, ҳамкории амалиро боз ҳам густариш ва ҳамкории наздикро дар тамоми самтҳои соҳаи нақлиёт идома диҳанд.