Зимни мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанба байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ин ниҳоди бонуфузи Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ шуданд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкории амалӣ бо ин сохтори байналмилалӣ пайваста рушд ёфта истодааст.

Дар назди Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон кафедраи ICESCO фаъолият мекунад. Имсол дар шаҳри Тошканд намояндагии расмии ин созмон ифтитоҳ гардид. Ҳамчунин, дар натиҷаи ҷаласаи навбатии Кумитаи мероси фарҳангии ҷаҳони ислом, ки моҳи феврал баргузор шуд, ҳафт объекти мероси моддӣ ва ғайримоддии фарҳангии Ӯзбекистон ба Феҳристи ICESCO дохил карда шуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои тармим, ҳифз ва рақамикунонии ёдгориҳои фарҳангӣ ва дастхатҳо, муаррифии васеи мероси ғании таърихии кишвари мо тавассути платформаҳои байналмилалии расонаӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои муштарак диққати махсус дода шуд.

Дар анҷоми мулоқот Президенти Ӯзбекистон Салим ал-Моликро барои саҳми шахсиаш дар муаррифии густурдаи мероси ғании фарҳангии кишвари мо бо мукофоти олии давлатӣ ордени «Дӯстлик» сарфароз гардонд.