Истирдод натиҷаи ҳамкории ҳамоҳангшудаи Бюроҳои миллии марказии Интерпол дар Ӯзбекистон ва Перу бо мусоидати департаменти байналмилалии ҳуқуқии Прокуратураи генералии Ӯзбекистон ва Вазорати адлияи Перу гардид.

Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гумонбар барои содир намудани қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (қисми 4 моддаи 168 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ҷустуҷӯ мешуд. Ӯ аз тафтишот гурехта, дар қаламрави Перу боздошт гардидааст.

Қайд карда мешавад, ки истирдоди муваффақона ҳамчунин бо шарофати ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори Фаронса ва Аморати Муттаҳидаи Араб, ки тавассути ҳудуди он транзити интиқоли гумонбар гузаштааст, имконпазир гардид.

Шахси истирдодшуда бо ҳамроҳии кормандони Интерпол ва Прокуратураи генералӣ ба Ӯзбекистон оварда шуд, то нисбат ба ӯ амалҳои минбаъдаи мурофиавӣ гузаронида шуда, мутобиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.