Сарвари давлати мо Президенти Туркманистонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, некӯаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатӣ муваффақиятҳои нав орзу намуд.

Президенти Ӯзбекистон ба Пешвои миллии мардуми туркман, Раиси Ҳалқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов саломи самимии худро расонд. Дар навбати худ, Президенти Туркманистон ба Сарвари давлати мо аз номи Пешвои миллии мардуми туркман орзуҳои беҳтаринро иброз намуд.

Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистон баррасӣ шуданд.

Ба густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Афзоиши устувори гардиши мол ва татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва дигар самтҳои муҳим бо қаноатмандӣ қайд гардид.

Муҳим будани таъмини фаъолияти самараноки минтақаи муштараки тиҷоратии «Шовот — Дашоғуз» таъкид гардид.

Ҳамчунин оид ба баъзе масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ, дар заминаи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, инчунин нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар Туркманистон табодули афкор сурат гирифт.

Дар анҷоми суҳбат Сарвари кишвари мо Президенти Туркманистон ва мардуми бародари ин кишварро ба муносибати ҷашни миллии дарпешистода — Рӯзи истиқлолият табрик намуд.