Дар натиҷаи чорабиниҳои фаврӣ-техникӣ, ки аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои киберии Раёсати корҳои дохилии вилояти Бухоро гузаронида шуданд, фаъолияти як гурӯҳи калони киберҷинояткорӣ, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ амал мекард, ошкор гардид.

Ҳангоми боздошти гумонбарон ба сифати далелҳои шайъӣ даҳҳо корти бонкӣ, SIM-кортҳо ва дастгоҳҳои махсуси мобилӣ мусодира карда шуданд.

Муайян гардид, ки ҷинояткорон тавассути аккаунтҳои Telegram, ки пинҳонӣ идора мешуданд, ба телефонҳои шаҳрвандон барномаҳои зараровар — файлҳои APK — ирсол мекарданд. Пас аз насби ин файлҳо дар дастгоҳҳои мобилӣ маълумоти бонкӣ ва инчунин рамзҳои SMS-и тасдиқкунандаи интиқоли маблағҳо таҳти назорати ҷинояткорон қарор мегирифтанд.

Бо мақсади пинҳон кардани осори маблағҳои дуздидашуда, онҳо пулҳоро фавран ба кортҳои бонкии транзитӣ, ки ба номи шахсони гуногуни аз фаъолияти ҷиноятӣ бехабар кушода шуда буданд, инчунин ба аккаунтҳои қалбакӣ интиқол медоданд.

Дар рафти тафтишот муайян гардид, ки дар натиҷаи ин тарҳ шумораи шаҳрвандони зарардида дар саросари ҷумҳурӣ аз 60 нафар гузаштааст.

Аз рӯи ин ҳолат нисбат ба гумонбар тибқи банди «б»-и қисми 3-и моддаи 169 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Ҳоло амалҳои тафтишотии пешакӣ идома доранд.

Барои муайян намудани ҳамаи шахсони ба фаъолияти гурӯҳи ҷиноятӣ дастдошта, ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун, инчунин барқарор намудани ҳуқуқҳои зарардидагон чораҳо андешида мешаванд.