Анҷумани бонуфузи варзишӣ бо иштироки гроссмейстерҳои маш-ҳур, мураббиён ва мухлисони шоҳмот аз бештар аз 200 мамлакат дар Самарқанди шукуҳманд – дурдонаи Шарқи қадима, ки дар худ ёдгориҳои таърихӣ ва мадании беш аз сеҳазорсоларо ҳифз намудааст, ки ин ба мусобиқа фазои алоҳидаи идона мебахшад, баргузор мегардад. Фикр мекунам, ки онро ҳар яки шумо эҳсос кардед. Ба шаҳри бузург, ки ҳоло пойтахти шоҳмоти ҷаҳон гаштааст, ба Ӯзбекистони азизи мо, хуш омадед!

Дӯстони азиз!

Шоҳмот, ки яке аз қадимтарин бозиҳои варзишии зеҳнӣ ба шумор меравад, дар мамлакати мо таърих, мактаб ва анъанаи бошарафи худро молик аст.

Махсус бояд таъкид кард, ки Соҳибқирон Амир Темур, ки Самарқандро ба пойтахти мамлакати бузурги асосгузоштааш, ба яке аз марказҳои Эҳёи дуюм табдил дод, сарлашкари мағлубнопазир, стратег, устоди бомаҳорати шоҳмот буд.

Дар осори илмӣ ва бадеии ниёгони бузургамон – мутафаккирон Муҳаммад Хоразмӣ, Абурайҳон Берунӣ, Мирзо Улуғбек, Алишер Навоӣ, Заҳириддин Муҳаммад Бобур нақши шоҳмот дар рушди маънавии инсон махсус таъкид ёфтааст.

Дар Ӯзбекистони Нав, дар ҳоле ки садоқат ба анъанаҳои ғании таърихӣ ҳифз мегардад, мо ба рушди шоҳмот, мисли дигар намудҳои варзиш эътибори алоҳида медиҳем, дар асоси принсипи «аз оммавият – ба ҳирфавият», аз ҳалқаи аз ҳама поён – маҳалла то муассисаҳои таълимӣ ҳамин тавр мебошад. Дар ин самт низоми ягонаи тарбияи насли нави истеъдодҳо ташаккул меёбад.

Имрӯз дар мамлакат беш аз 2 миллион нафар бо шоҳмот машғул мебошад, теъдоди шоҳмотбозони касбии соҳиби рейтинг беш аз 6 ҳазор аст. Бо ифтихор таъкид мекунам, ки 32 нафар шоҳмотбози ӯзбекистонӣ соҳиби унвони гроссмейстери байналхалқӣ мебошанд.

Шоистаи зикр аст, ки 5 нафар шоҳмотбози пешсафамон ба садаи якуми пурқувваттаринҳои рейтинги ҷаҳонӣ бо эътимод дохил мегарданд.

Дар рейтинги ФИДЕ мунтахаби мардонаи Ӯзбекистон дар байни 204 давлат ба мақоми ҳаштум баромад, мунтахаби занона – ба мақоми бистум.

Саҳифаи навро дар таърихи шоҳмоти миллӣ ғалабаи мунтахабамон дар Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот соли 2022, ҷоиза дар Олимпиадаи соли 2024, баромади муносиби гроссмейстерҳои соҳибистеъдодамон дар мусобиқоти бонуфуз кушоданд.

Мо хусусан бо ғалабаи гроссмейстери ҷавон Ҷавоҳир Синдоров дар Мусобиқоти муддаиён ба унвони чемпиони ҷаҳон, соҳиби Ҷоми ҷаҳон гардидани ӯ, бо медали нуқраи Нодирбек Абдусатторов дар чемпионати ҷаҳон оид ба блитс, дастоварди баланди шоҳмотбозони ҷавон дар мусобиқоти байналхалқӣ ифтихор менамоем.

Меҳмонони муҳтарам!

Ба Ӯзбекистон додани ҳуқуқи қабули Олимпиадаи 46-уми ҷаҳонии шоҳмотро мо чун нишони боварии баланди ҷамъияти байналхалқии варзиш ба мамлакатамон медонем.

Бовар дорам, ки олимпиадаи Самарқанд дар фазои муборизаи бемуросо, маданияти баланди варзишӣ, бо адолат ва эҳтироми ҳамдигар баргузор гардида, ба ҷаҳон чемпионҳои навро ҳадя мекунад ва истеъдодҳои дурахшони навро ифшо месозад.

Ғайр аз ин, дар ин ҷо тамоми шароити ногузир барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Паролимпиадаи сеюми шоҳмот ва Конгресси 97-уми ФИДЕ фароҳам оварда шудааст.

Ба роҳбарият ва ҷамоаи Федератсияи байналхалқии шоҳмот (ФИДЕ), тамоми муассисаҳо-шарикон барои кори бузурги ташкилӣ ва дастгирии амалӣ, ҳамкории мустаҳкам миннатдории самимӣ изҳор менамоям.

Бовар дорам, ки чунин анҷуманҳои бузурги варзишӣ ба мустаҳкам гардидани дӯстӣ ва ҳамбастагии байни халқҳои ҷаҳон хидмат менамоянд. Муҳим аст, ки онҳо ба минбаъд оммавӣ гардидани шоҳмот дар Ӯзбекистон, баланд бардоштани зарфияти зеҳнии насли ҷавон ва нуфузи мамлакатамон дар арсаи байналхалқӣ саҳми муносиб мегузоранд.

Дӯстони азиз!

Бовар дорам, ки ин мусобиқоти доманфарох барои халқи мо, хусусан ҷавонон, ҷашни калон, мактаби маҳорат мегардад, барои мустаҳкам гардидани нуфузи байналхалқии Ӯзбекистон чун мамлакати дӯстӣ ва ҳамкорӣ мусоидат менамояд.

Олимпиадаи мазкур ба тамоми ҷавонони ҷаҳон равшан намоиш медиҳад, ки ояндаи ягонаи инсоният на бо нирӯ, балки бо хирад ва дониш, на бо душманӣ, балки бо дӯстӣ ва ваҳдат, на бо бетафовутӣ, балки бо азми шарафманд бунёд мегардад.

Муҳтарам иштирокдорони маросими мутантан, варзишгарон, собиқадорон, устодон ва мураббиён, шумо хуб медонед, ки варзиш молики чӣ гуна намунаи олӣ ва қувваи бузург аст.

Ба шумо, азизон, ба ҳамаи иштирокдорони фаъоли чунин кори бомасъулият ва ифтихорӣ тансиҳатии комил, ба ҷамоаҳо пирузӣ ва дастовардҳо, ба кори Конгресс муваффақият орзу дорам.

Ба Ӯзбекистон хуш омадед!

Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон