Форум дар ҳамкорӣ бо Созмони
Милали Муттаҳид ва Идораи он оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ташкил
карда мешавад.
Дар он намояндагони созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Интерпол, Иттиҳоди
Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҷаҳонии гумрук иштирок мекунанд.
Интизор меравад, ки роҳбарони сохторҳои соҳавӣ аз
тақрибан 50 кишвар ва зиёда аз 500 коршиноси байналмилалӣ ширкат варзанд. Ин
сатҳи баланди намояндагӣ нақши афзояндаи Ӯзбекистонро ҳамчун майдони боэътимоди
чорабиниҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад.
Дар доираи форум масъалаҳои гардиши ғайриқонунии маводи
мухаддир, пешгирӣ миёни ҷавонон, рушди низоми табобат, барқарорсозӣ ва
ҳамгироии иҷтимоӣ баррасӣ мешаванд. Ба истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни
сунъӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Ҳамчунин, саммити ҷавонон оид ба тарғиби тарзи ҳаёти
солим баргузор мегардад.