Мероси
Алишер Навоӣ на танҳо ба халқи ӯзбек, балки ба тамоми башарият тааллуқ дорад.
Осори ӯ, ки ба як донишномаи зиндагӣ шабоҳат дорад, наслҳои гуногунро илҳом
мебахшад ва барои муҳаққиқон, дӯстдорони адабиёт ва ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд
олами ғании маънавии Шарқро амиқтар бишносанд, манбаи арзишманди дониш ба шумор
меравад.
Ифтитоҳи муҷассамаи Алишер Навоӣ дар Тбилисӣ боз як рӯйдоди
муҳими таърихи робитаҳои фарҳангии Ӯзбекистону Гурҷистон гардид. Халқҳои ду
кишварро аз қадимулайём роҳҳои тиҷоратӣ, эҳтироми мутақобила ва таваҷҷуҳ ба
мероси ғании фарҳангии якдигар ба ҳам мепайванданд.
Дар Ӯзбекистон ба шоири бузурги гурҷӣ Шота Руставелӣ эҳтироми хосса зоҳир
мегардад. Яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Тошканд ба номи ӯ гузошта шуда, ҳамчунин
муҷассамаи ин намояндаи барҷастаи адабиёти классикии Гурҷистон низ қомат
афрохтааст. Дар навбати худ, имсол ба яке аз боғҳои марказии шаҳри Тбилисӣ номи
Алишер Навоӣ дода шуд.
Дар солҳои охир ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардӯстонаи
байни Ӯзбекистон ва Гурҷистон марҳилаи нави рушдро касб намудаанд. Дар Тбилисӣ
Рӯзҳои фарҳанг ва синамои Ӯзбекистон бо муваффақият баргузор шуданд, ҳамзамон
дар Тошканд Рӯзҳои фарҳанги Гурҷистон доир гардиданд.
Дар маросим таъкид шуд, ки Алишер Навоӣ яке аз бузургтарин
намояндагони адабиёти ҷаҳон буда, осори гаронбаҳои ӯ дар тӯли асрҳо мардумро ба
инсондӯстӣ, маърифат, хирад ва эҳтироми ҳамдигар даъват мекунад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки муҷассамаи Алишер Навоӣ дар
Тбилиси боз як рамзи барҷастаи робитаҳои дӯстии мустаҳкамшаванда байни халқҳои Ӯзбекистон
ва Гурҷистон хоҳад шуд.