Дар мусобиқа 521 варзишгар аз 58 кишвар ширкат варзида, барои медалҳо ва холҳои рейтингӣ, ки барои роҳ ёфтан ба Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес-2028 заруранд, мубориза мебаранд. Хазинаи ҷоизаҳои мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Ситоди мураббиёни мунтахаби Ӯзбекистон ҳайати дастаро барои иштирок дар мусобиқаи дарпешистода тасдиқ намуд.

Мардон:

то 60 кг: Самариддин Кучкоров, Баҳром Ботуров;

то 66 кг: Абдураҳим Нутфуллаев, Дилшод Хамроев;

то 73 кг: Шаҳром Аҳадов, Элбек Тоҷиев;

то 81 кг: Арслон Тоҷиев, Муродҷон Юлдошев;

то 90 кг: Давлат Бобонов, Нурбек Муртазоев;

то 100 кг: Эрназар Сарсенбаев.

Занон:

то 48 кг: Лазиза Хайдарова, Севинч Муродова;

то 52 кг: Сита Қадамбаева, Мухайё Ахматова;

то 57 кг: Шукурҷон Аминова;

то 63 кг: Марҷона Нуруллаева;

то 70 кг: Хуршида Раззоқбердиева, Ширинҷон Юлдошева;

то 78 кг: Барчиной Қодирова, Марҷона Кучимова;

зиёда аз 78 кг: Ирисхон Қурбонбоева, Умида Нигматова.

Мунтахаби Ӯзбекистон ният дорад натиҷаи баланд нишон дода, мавқеи худро дар раддабандии ҷаҳонӣ беҳтар намояд.