Амалиёти
фаврӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи ноҳияи Қунғироти Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои
иқтисодии назди Прокуратураи генералӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
гузаронида шуд.
Зимни
амалиёт директор К. Р. ҳангоми гирифтани 20
миллион сӯм барои ба вазифаи логопед ба кор қабул кардани шаҳрванд
Г. Р. дастгир гардид. Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маблағи мазкур бо
супориши директор дар утоқи кориаш аз ҷониби муовини директор Р. К. гирифта шудааст.
Гумонбарон
бо далелҳои шайъӣ боздошт шуданд.
Дар
робита ба ин ҳолат бар асоси моддаи
210 Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз
гардидааст. Айни замон амалҳои тафтишотӣ идома доранд.