Хабар дода мешавад, ки дар вилояти Самарқанд роҳбари яке
аз корхонаҳои таъминоти барқи ноҳиявӣ аз як соҳибкор барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ
накашидани ӯ вобаста ба расонидани 393
миллион сӯм зиён ба давлат, 5 ҳазор доллари ИМА талаб кардааст.
Сухан дар бораи ҳолати худсарона пайваст намудани як
иншооти хӯроки умумӣ ба шабакаи барқ меравад. Ба ҷойи ба ҷавобгарӣ кашидан,
шахси мансабдор пешниҳод кардааст, ки маблағи зарар кам карда шуда, мавод барои
баррасӣ ба суд бо тартиби маъмурӣ ирсол гардад.
Дар охири моҳи июли соли ҷорӣ роҳбари корхона аз соҳибкор
4 ҳазор доллар
гирифта, сипас талаб кардааст, ки 1 ҳазор
доллари боқимонда низ супорида шавад.
Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ, ки аз ҷониби кормандони
Хадамоти давлатии амният ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди
Прокуратураи генералӣ гузаронида шуд, шахси мансабдор ҳангоми гирифтани маблағи
зикршуда тавассути миёнарав дастгир гардид.
Қайд мешавад, ки ин роҳбар қаблан низ суд шудааст, аммо
аз он хулосаи зарурӣ набаровардааст.
Ҳамчунин дар шаҳри Тошканд ҳолати мусоидати ғайриқонунӣ
барои дохил шудан ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ошкор гардид.
Як сокини пойтахти соли таваллудаш 1988, ки қаблан низ
суд шудааст, ба як шаҳрванди соли таваллудаш 2001 пешниҳод кардааст, ки ба
маблағи 20 ҳазор доллари ИМА
дохил шудани ӯро ба Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд таъмин менамояд. Ӯ
иддао кардааст, ки метавонад ин масъаларо тавассути шиносони худ, ки дар вазифаҳои
баланд фаъолият доранд, ҳал кунад.
Дар рафти амалиёти фаврии муштарак, ин шахс ҳангоми
гирифтани қисми маблағ — 13 ҳазор
доллари ИМА дастгир гардида, далелҳои шайъӣ мусодира карда
шуданд.
Аз рӯи ҳар ду ҳолат парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида,
айни замон корҳои тафтишотӣ идома доранд.