Дар ҷараёни ҷаласа таъкид гардид, ки дар натиҷаи ислоҳоти амалишаванда мавқеи Ӯзбекистон дар як қатор рейтингҳо ва индексҳои байналмилалӣ беҳтар шудааст.

Аз ҷумла, агентиҳои байналмилалии Fitch Ratings ва S&P дурнамои рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Ӯзбекистонро аз «устувор» ба «мусбат» баланд бардоштанд. Ҳамчунин агентии Moody’s баҳогузории қарзии кишварро аз сатҳи «Ba3» бо дурнамои мусбат ба «Ba2» бо дурнамои устувор боло бурд.

Дар Индекси озодии иқтисодӣ Ӯзбекистон 14 зина боло рафта, миёни 184 давлат мақоми 86-ум-ро ишғол намуд. Бо гирифтани 60,3 хол кишвар бори аввал ба гурӯҳи давлатҳои «озодии иқтисодии миёна» (moderately free) дохил гардид. Солҳои қаблӣ Ӯзбекистон ба гурӯҳи кишварҳои «асосан ғайриозод» шомил буд.

Дар Индекси «Занон, соҳибкорӣ ва қонун» Ӯзбекистон 43 зина боло рафта, миёни 190 давлат мақоми 48-умро соҳиб шуд. Кишвар ба қатори давлатҳое дохил гардид, ки ислоҳоти муҳими ҳуқуқиро амалӣ намуда, дар таъмини баробарии гендерӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд. Ҳамчунин Ӯзбекистон ба панҷгонаи кишварҳои пешсаф аз рӯи дастгирии фаъолияти иқтисодии занон шомил гардид (мақоми аввал дар Осиёи Марказӣ ва сеюм дар Аврупо).

Дар баробари ин, таъкид шуд, ки бо назардошти ислоҳоти нав зарурати таваҷҷуҳ ба рейтингҳои нави байналмилалии афзалиятнок ба миён омадааст.

Аз ҷумла, рушди пайвастаи соҳаи зеҳни сунъӣ, васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар ин самт аҳамияти махсус касб мекунад. Дар Индекси омодагии ҳукумат ба зеҳни сунъӣ (Oxford Insights) аз соли 2020 то соли 2025 мавқеи Ӯзбекистон 33 зина беҳтар шуда, аз ҷойи 95-ум ба 62-юм расидааст. Бо ин нишондиҳанда Ӯзбекистон дар миёни кишварҳои ИДМ натиҷаи беҳтаринро соҳиб шудааст.

Ҳамчунин зарурати баланд бардоштани самаранокии ҳифзи муҳити зист, таъмини устувории экологӣ ва такмили сиёсати экологӣ мутобиқ ба тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ таъкид гардид. Дар Индекси самаранокии экологӣ, ки аз ҷониби донишгоҳҳои Йел ва Колумбия таҳия мешавад, Ӯзбекистон соли 2026 миёни 177 давлат мақоми 121-ум-ро ишғол намуд (дар соли 2024 — ҷойи 107-ум).

Тавсия дода шуд, ки ин нишондиҳандаҳо ба рӯйхати рейтингҳои афзалиятнок ворид гардида, барои беҳтар намудани онҳо корҳои мунтазам анҷом дода шаванд.

Ҳамчунин дар ҷамъдмад иҷрои нақшаи чорабиниҳои соли 2026 оид ба беҳтар намудани мавқеи Ӯзбекистон дар рейтингҳои байналмилалӣ дар бахшҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсиву ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар натиҷаи муҳокимаҳо вазифаи таҳияи тадбирҳои иловагӣ барои боз ҳам беҳтар намудани мавқеи кишвар дар рейтингҳо ва индексҳои байналмилалии афзалиятнок муайян гардида, қарори дахлдори Шӯро қабул шуд.