Дар оғози суҳбат Сарвари давлат Президенти Эронро бо зодрӯзаш самимона
табрик намуда, ба ӯ саломатии мустаҳкам, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти
масъули давлатдорӣ комёбиҳои бузург орзу намуд.
Зимни суҳбат ба рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба, бахусус, боз ҳам фаъол
намудани робитаҳо дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию
гуманитарӣ диққати махсус дода шуд.
Президентҳои Ӯзбекистон ва Эрон роҷеъ ба рӯзномаи минтақавӣ ва нақшаи
чорабиниҳои минбаъда низ табодули афкор намуданд.