Дар намоишгоҳ беш аз 250 ширкати пешсафи сайёҳӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, шабакаҳои меҳмонхонаҳо ва ташкилотҳои миллии сайёҳии зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Чорабинӣ тақрибан 10 ҳазор нафар, аз ҷумла мутахассисони соҳа, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ба ҳам овард.
Ӯзбекистонро дар намоишгоҳ ширкати миллии ҳавопаймоии Uzbekistan Airways ва як қатор ширкатҳои пешсафи сайёҳии ватанӣ намояндагӣ карданд.
Дар доираи чорабинӣ иштирокдорон дар бораи имкониятҳои сайёҳии кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуда, шарикони хориҷиро аз роҳандозии парвозҳои мунтазами ҳавоӣ дар хатсайри Тошканд – Варшава – Тошканд аз моҳи апрели соли 2027 ва дигар имкониятҳои транзитӣ огоҳ карданд.
Ҳамчунин, бо ширкатҳои сайёҳии Полша ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гуфтушунидҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ (B2B) баргузор шуданд. Ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ ва таҳияи бастаҳои муштараки сайёҳиро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои ташкили хатсайрҳои анъанавии сайёҳӣ ба шаҳрҳои таърихии Самарқанд, Бухоро ва Хива тавофуқҳои пешакӣ ҳосил гардиданд. Ҳамчунин, масъалаи рушди самтҳои нави сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии гастрономӣ, этникӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.