Як рӯз пеш аз бозӣ бо иштироки намояндагони ФИФА ва
шахсони расмии дастаҳо ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷараёни он вобаста ба як қатор
масъалаҳои марбут ба низомномаи мусобиқа тавзеҳу ёдоварӣ дода шуд.
Қайд мегардад, ки дар бозии дарпешистода футболбозони
дастаи мунтахаби Ӯзбекистон пурра бо либоси сафед ба майдон мебароянд ва
дарвозабони даста бо либоси сабз бозӣ мекунад.