Дар ҷараёни сафар мулоқоти роҳбари ҳайат, сардори Раёсати
асосии амнияти дохилии ВКД Беларус Олег Ларен бо муовини вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон
Рустам Мирзаев баргузор гардид.
Ҷонибҳо манфиатдории мутақобиларо ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ
таъкид намуда, самтҳои муҳими ҳамкории амалӣ, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи
тахассуси кормандон, муқовимат ба ҷиноятҳои коррупсионӣ ва табодули таҷрибаи
касбиро баррасӣ карданд.
Аз рӯи натиҷаи музокирот, ки дар фазои созанда ва дӯстона
баргузор гардид, вазифаҳои ояндадори рушди ҳамкорӣ муайян карда шуданд.
Ҳамчунин, намояндагони ҳайати беларусӣ ба Раёсати корҳои
дохилии шаҳри Тошканд рафта, бо фаъолияти маркази вазъиятӣ, дастовардҳо дар соҳаи
рақамикунонӣ ва низоми таъмини амнияти сайёҳӣ дар пойтахт шинос шуданд.