Дар рафти музокирот бо вазири меҳнати Қатар Алӣ бин Саид
масъалаҳои омӯзиши талаботи бозори меҳнати Қатар дар соҳаҳои тиб, сайёҳӣ,
авиатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин ташкили курсҳои мақсадноки омӯзишӣ
дар Ӯзбекистон мутобиқи талаботи корфармоён баррасӣ шуданд.
Аз рӯи натиҷаи мулоқот чунин мувофиқаҳо ба даст омаданд:
ташкили сафари намояндагони вазоратҳои шуғл ва
тандурустии Қатар ба Ӯзбекистон;
таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ;
роҳандозии барномаи махсуси таълимӣ барои омода намудани
кормандони тиббӣ мутобиқи стандартҳои Қатар.
Ҳамчунин, аз рӯи натиҷаи мулоқот бо роҳбари хадамоти
давлатии шуғли Қатар мувофиқа ҳосил шуд, ки моҳи сентябри соли 2026 дар Тошканд
форуми «Ӯзбекистон – Қатар» баргузор гардад, ки дар он беш аз 50 корфармо
иштирок хоҳанд кард.
Ба ҳамкорӣ бо ширкати Qatar Airways низ таваҷҷуҳи махсус
зоҳир гардид. Дар рафти мулоқот бо ноиби президенти ширкат Фатҳӣ Аттӣ ҷонибҳо
ба чунин мувофиқа расиданд:
дар моҳҳои май–июни соли ҷорӣ интихоб намудани 65 номзад
аз Ӯзбекистон барои кор дар вазифаҳои баландмузд (стюардесса, муҳандисон ва
кормандони фурудгоҳ);
дар оянда амалӣ намудани лоиҳа барои ҷалби 1600
мутахассиси дорои маълумоти олӣ дар соҳаҳои пилотаж, механика, электротехника
ва муҳандисӣ.