Зимни мулоқот ҷонибҳо ислоҳоти дар Ӯзбекистон амалишавандаро, ки ба таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани самаранокии адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва соҳибкорон равона шудаанд, баррасӣ карданд, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Дунё».

Дуглас Арнер инчунин аҳамияти ташаббуси таъсиси Маркази байналмилалии молиявии Тошкандро таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, татбиқи принсипҳои ҳуқуқи умумии Англия ва Уэлс (Common Law) метавонад ба баланд бардоштани эътимоди сармоягузорони хориҷӣ, ташкили механизмҳои шаффофи ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ ва таҳкими рақобатпазирии марказ мусоидат намояд.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти баланд бардоштани ихтисоси судяҳо, тавсеаи рақамикунонӣ ва таҳкими ниҳодҳои ҳуқуқӣ мубодилаи таҷриба ба роҳ монда шавад.