Дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф дар вилояти Фарғона ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадор баррасӣ шуданд.

Қайд гардид, ки дар кишвари мо ба рушди технологияҳои иттилоотӣ, таъсиси инфрасохтори муосир дар ин самт ва бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки Фарғона тадриҷан ба маркази технологияҳои иттилоотӣ табдил меёбад.

Ҷонибҳо оид ба ташаббусҳои васеъ намудани кампуси Донишгоҳи INHA дар Фарғона, кушодани ихтисосҳои нави марбут ба зеҳни сунъӣ, киберамният ва муҳандисӣ, зиёд намудани квотаи қабули донишҷӯён ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳокими вилоят таъкид кард, ки татбиқи ин лоиҳа ба баланд бардоштани сифати таълим дар минтақа, омода намудани мутахассисони дорои дониш ва малакаҳои муосир, инчунин, боз ҳам васеъ намудани имкониятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ мусоидат хоҳад кард. Ӯ омодагии худро барои дастгирии ташаббус изҳор намуд.

Намояндагони ҳайат, дар навбати худ, изҳори омодагӣ карданд, ки дар рушди Ӯзбекистони Нав, аз ҷумла вилояти Фарғона, саҳми арзанда гузошта, ҳамкориро дар соҳаи маориф ва омода намудани кадрҳо тақвият бахшанд.

Дар натиҷаи мулоқот оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм ва омода намудани мутахассисони баландихтисос, гузаштан ба марҳилаи амалии татбиқи лоиҳаи таъсиси кампуси Донишгоҳи INHA дар Фарғона ва суръат бахшидан ба иҷрои он мувофиқаҳо ба даст омаданд.

Дар мулоқот инчунин ҳокими шаҳри Марғилон Элбек Рустамов иштирок намуд.

Барои маълумот: Донишгоҳи INHA, ки таърихи беш аз 70-сола дорад, яке аз муассисаҳои пешсафи таҳсилоти олии Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаҳои муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва тиҷорат мебошад. Фонди Чонгсок фаъолияти чор муассисаи таълимӣ — Донишгоҳи INHA, Донишгоҳи авиатсияи Корея, Коллеҷи техникии INHA ва Мактаби миёнаи авиатсионии Чонгсокро идора мекунад.