Сарвари давлат ва ҳамсарашро Подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни ал-Ҳусайн ва Малика Рания ал-Абдуллоҳ самимона истиқбол намуданд. Сипас, якҷо акс гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр аз тӯпҳо шиллик карда шуд. Дар майдони назди қаср қаровули фахрӣ саф орост.

Президенти Ӯзбекистон ва Подшоҳи Урдун ба минбар баромаданд. Сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо доданд. Пешвоён аз назди қаровули фахрӣ гузаштанд ва баъдан сарбозони горди фахрӣ аз пеши Сарвари давлатамон тантанавор гузаштанд.

Пас аз анҷоми маросим музокироти сатҳи олӣ оғоз ёфт.