Аз даҳ нафар ҳамватаноне, ки дар заминҳои кишоварзии як шахси хусусӣ кор мекарданд, ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва маблағҳояшон рабуда шудааст. Дар натиҷа онҳо маҷбур шуданд барои гирифтани кумаки зарурӣ ба Консулгарии генералӣ ва намояндагии Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон дар Новосибирск муроҷиат кунанд, хабар медиҳад ИА «Дунё».

Дар натиҷаи иқдомҳои фаврии дипломатҳои Консулгарии генералӣ, шаҳрвандони мо шаҳодатномаҳои бозгашт ба Ватанро дарёфт карданд ва бо онҳо суҳбати профилактикӣ гузаронида шуд.

Дар навбати худ, намояндагии Агентии муҳоҷират дар Новосибирск барои харидории чиптаҳои ҳавопаймо ба шаш нафар аз зарардидагон ҷиҳати парвоз ба Ӯзбекистон бо наздиктарин хатсайр ҳама гуна мусоидати заруриро анҷом дод.