Дар оғози суҳбат сарвари давлати мо Сердар Бердимуҳамедовро ба муносибати 35-солагии истиқлоли Туркманистон, инчунин барои раёсати самаранок дар Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табрик намуд.

Дар мулоқот ба масъалаҳои минбаъд амиқтар намудани муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Бо қаноатмандӣ рушди мусбати ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ қайд карда шуд. Аз оғози сол ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар мунтазам афзоиш ёфта, минтақаи савдои наздисарҳадии «Шовот — Дашоғуз» фаъолияти самаранок дорад.

Муҳимияти қабули Нақшаи чорабиниҳо оид ба чанд баробар зиёд намудани ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва хоҷагии об, аз ҷумла дар сатҳи минтақаҳои ду кишвар таъкид гардид.

Дар натиҷаи мулоқот Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои олии шарикии стратегӣ ба имзо расид. Ин санад барои минбаъд амиқтар намудани муколамаи сиёсӣ ва густариши ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои афзалиятнок заминаи устувори институтсионалӣ фароҳам меорад.