Мувофиқи ҳуҷҷат, нишондиҳандаҳои асосии баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» инҳо муайян шудаанд:

то охири соли 2026 ба истифода додани 114 МВт иқтидор ва истеҳсоли 7,1 миллиард кВт/соат нерӯи барқ;

то соли 2032 дар ҷумҳурӣ:

сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии аккумуляторӣ бо иқтидори умумии 1 400 МВт;
2,4 маротиба афзоиш додани иқтидорҳои гидроэнергетикӣ бо роҳи таъсиси 3 266 МВт иқтидори иловагӣ.

Барои рушди устувори ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» ва тезонидани татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ иҷозат дода шуд:

сохтмони роҳҳо, хатҳои барқ ва дигар инфрасохтор бо тарҳи якмарҳила (лоиҳаи корӣ) аз ҳисоби маблағи ҷамъият;

харид ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин аз ҷониби ҶС «Гидропроект» ва ҶС «Ӯзсувлойиха» барои корҳои таҳқиқотию лоиҳакашӣ;

иштироки ташкилотҳои низоми ҶС «Ӯзбекгидроэнерго» дар харидҳои давлатӣ, ки аз ҷониби худи ҷамъият ва ташкилотҳои он гузаронда мешаванд.