Тавре Report хабар медиҳад, вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Арақчӣ дар шабакаи иҷтимоии X дар бораи натиҷаҳои музокироти миёни Теҳрон ва Вашингтон, ки дар шаҳри Бюргенштоки Швейтсария баргузор шуд, чунин изҳор намуд.

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки маҳдудиятҳо ба содироти нафт ва маҳсулоти нафтукимиёвии Эрон, инчунин муҳосираи бандарҳои Эрон бекор карда шаванд.

«Қисме аз дороиҳои мунҷамидшудаи Эрон озод гардиданд. Ҳамзамон, нақшаи бузурги барқарорсозӣ ва рушди Эрон оғоз шуд», — тавзеҳ дод Арақчӣ.

Пештар вазоратҳои корҳои хориҷии Қатар ва Покистон дар изҳороти муштарак пас аз анҷоми музокирот аз мувофиқа шудани харитаи роҳ барои расидан ба созиши ниҳоӣ миёни Вашингтон ва Теҳрон хабар дода буданд.

Эрон ва Иёлоти Муттаҳида шаби 18 июн ёддоштномаи тафоҳумеро аз фосила ба имзо расониданд, ки анҷоми низои ҳарбиро, ки 28 феврал оғоз шуда буд, пешбинӣ мекунад.

Ҷонибҳо рӯзи 21 июн барои музокирот дар Бюргенштоки Швейтсария мулоқот карданд, аммо ҳайати Эрон ба нишони эътироз аз таҳдидҳои президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи зарба задан ба Эрон, баъд аз чанде толорро тарк намуд. Баъдан шабакаи телевизионии Al Hadath хабар дод, ки баҳсҳои ҷонибҳо тавассути миёнравон идома ёфтанд.