Тавре хабаргузории «Report» бо истинод ба маълумоти нашрияи «Dawn» ва хадамоти полису наҷотдиҳӣ хабар медиҳад, ҳодиса дар ноҳияи Пакпаттан, воқеъ дар музофоти Панҷоб, дар шоҳроҳи Депалпур рух додааст.
Гуфта мешавад, ки амалиёти наҷотдиҳӣ тақрибан се соат идома ёфта, дар он на танҳо неруи инсонӣ, балки кранҳо ва дигар техникаи вазнин низ истифода шудаанд.
Бино ба маълумоти нашрия, ҳашт нафар ҷароҳатҳои сабук бардошта, 25 нафари дигар ба беморхонаи ноҳиявии Пакпаттан интиқол дода шудаанд.
Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ намуда, ба осебдидагон ҳарчи зудтар шифо ёфтанро таманно кардааст.