Аз ҷумла, дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ду нафар шаҳрванд
— соли таваллудаш 2004, зодаи вилояти Ҷиззах,
ва соли таваллудаш 1993, зодаи пойтахт,
ки бо хатсайри Бангкок–Тошканд
омада буданд, мавриди санҷиш қарор гирифтанд.
Дар бағоҷи онҳо, ки дар зарфҳои шишагӣ ва алюминӣ 4,6 килограмм маводи мухаддири синтетикии «мефедрон»
пинҳон карда шуда буд.
Ғайр аз ин, ҳангоми кофтукови ҷойи истиқомати онҳо дар
пойтахт 1,5 литр равғани ҳашиш ва 8
литр моддаҳои ҳалкунанда ошкор ва тибқи тартиби муқарраргардида
мусодира карда шуданд.
Дар ҷараёни чорабиниҳои минбаъдаи оперативӣ инчунин як
сокини вилояти Ҷиззах, соли таваллудаш 1997,
ҳангоми гирифтани маводи мухаддири аз хориҷ воридшуда дар Тошканд боздошт
гардид. Аз
ӯ 635 грамм маводи мухаддири
«Алфа-PVP» мусодира карда шуд.
Нисбат
ба шахсони ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир алоқаманд тибқи қисми 2
моддаи 246 Кодекси ҷиноятӣ (қочоқ)
парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Амалиёти тафтишотӣ идома дорад.
Бояд
қайд кард, ки тибқи қонунгузории амалкунанда барои содир намудани чунин ҷиноятҳо
ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ
ба муҳлати аз 10 то 20 сол пешбинӣ шудааст.